Iranians History on This Day
      имрӯз    дар бораи сайт    дар бораи муаллиф
  рӯз ва моҳи мавриди назарро таъин кунед 
   
(Cyrillic Version)  
    برگرداننده به حروف سیریلیک: دکتر منیژه رحیموا (رحیم زاده) 
 
Баргардон ба хати сирилӣ: доктор Манижа Раҳимзода   


 

 Oct 31 
Солрӯзи тасарруфи Исфаҳон ба дасти сипоҳи арабҳои мусулмон
31 октябри соли 641 мелодӣ, шаҳри Исфаҳон ба тасарруфи сипоҳи арабҳои мусулмон даромад. Ин сипоҳ қаблан дар Наҳованд лашкариёни Яздигирди III-ро шикаст ва ӯро ба шарқи Эрон фирорӣ дода буд. Дар ҷанги Исфаҳон гарнизони ин шаҳр ба фармондеҳии Истандар, ки муваффақ ба дарёфти кӯмак ва неруи тақвиятӣ аз Яздигирд нашуда буд, ки худ дар ҳоли фирор буд, шикаст хӯрд.
    Арабҳо ба далели вуҷуди чанд ободӣ ва шаҳраки пурдарахт ва сарсабз бо фосилаи кам аз Исфаҳон, ин маҷмӯаро “Шаҳристон” хонданд. Исфаҳон дар он замон дорои ду маҳаллаи маъруф буд: яке Яҳудия ва дигаре Ҷӣ. Бузургтарин гарнизони низомии Эрон дар даврони сосониён дар Исфаҳон қарор дошт, зеро аз лиҳози мавқеъи географӣ, Исфаҳон маркази Эронзамин буд ва интиқоли неру ва ҷиҳати дифоъ ва ё ҳамла аз он ҷо осонтар сурат мегирифт.
    Сипоҳон пас аз султаи араб, Исфаҳон талаффуз шудааст, зеро ки дар забони арабӣ ҳарфи п вуҷуд надорад.
    
    
    
Тӯроншоҳи салҷуқӣ шоҳи Кирмон шуд
Дар ин рӯз, дар соли 1083 Тӯроншоҳи Салҷуқӣ, писари Малик Қовард ва писарамаки Маликшоҳ, шоҳи Кирмон шуд, ки дар он рӯзгор то Халиҷи Форс ва баҳри Уммон тӯл дошт. Малик Қовард, ки ҳозир нашуда буд подшоҳии бародарзодаи худ Малкишоҳро ба расмият бишиносад, ба дасти ӯ кушта шуд. Аз осори боқимонда аз замони ҳукумати Малик Қовард дар шаҳри Кирмон, масҷиде дар маркази шаҳр ба номи Масҷиди Малик аст, ки пас аз инқилоб номи нави масҷиди Имомро гирифт.
    Маликшоҳ, ки дастпарвардаи Хоҷа Низомулмулк буд, пас аз кушта шудани падараш Алпарслон ба тахти подшоҳӣ нишаст.
    
    
    
    
    
    
Эрон дар муқобили ҷанги урупоиён эъломи бетарафӣ кард, чаро?
Ҳасани Мустафавӣ, райиси вазирони вақт
31 октябри соли 1914, давлати вақти Эрон дар муқобили ҷанги урупоӣ катбан бетарафии худро эълом кард. Дар эъломияи бетарафии Эрон, ки тавассути Султон Аҳмадшоҳи Қоҷор ва низ райиси вазирони вақт Мустафавиалмулк имзо ва иблоғ шуда буд, чунин омадааст: аз он ҷо, ки Эрон бо ҳамаи мамлакатҳо муносибатҳои дӯстона дорад, дар қиболи муноқишаи онҳо бетараф хоҳад монд.
    Дар Эъломияи ҷудогона, Мустафавӣ мақомоти давлатиро аз ҳар гуна кӯмак ба давлатҳои таҷовузгар – дар он замина манъ карда буд. Қаблан ҳам давлати вақт шифоҳан ишора ба бетарафии худ дар қиболи ҷанги урупоиён карда буд. Бо вуҷуди ин, давлатҳои Русия ва Инглистон ба истиноди Қарордоди соли 1907 Санкт Петербург, худро ҳақдор ба нақлу интиқоли неру дар Эрон медонистанд ва давлатҳои дар ҳоли ҷанг бо он ду қудрат низ ба ҳамин далел Эронро таҳти нуфузи душман ва минтақаи ҷангӣ талаққӣ мекарданд ва меҳани моро нохоста ба майдони набарди худ табдил карда буданд ва давлати вақт неруи низомии кофӣ барои дифоъ аз марзҳои кишварро надошт, бо вуҷуди ин чанд воҳид жандарми Эрон бо таслиҳоти андки худ дар сафаҳоти ғарби кишвар, бавежа дар Ҳамадон ва Кирмоншоҳ даст ба дифоъ заданд ва дар чанд маврид ба пирӯзиҳои муваққат ва маҳдуд ноил омаданд.
    
    
    
Рӯзе ки ба салатанти қоҷорҳо поён дода шуд – ишорае ба Қарордоди Ҳирот
Аҳмадшоҳ рафт, Ризошоҳ омад

Дар пайи як тазоҳурот дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигар, ки чаҳор рӯз тӯл кашида буд, ва тазоҳуркунандагон халъи қоҷория аз салтанатро дархост карда буданд, 9 обони соли 1304 Маҷлис Шӯрои Миллӣ тарҳи намояндагонро мабнӣ бар халъи қоҷория тасвиб кард, ки матни тарҳ бо ҷумлаи ба манзури таъмини саодати миллати Эрон оғоз шуда буд. Тибқи таҳқиқи бархе аз муаррихон бар пояи хотироти риҷоли вақт, тазоҳуроти чаҳоррӯза бо нақшаи қаблӣ ва тибқи барнома (!) сурат гирифта буд.
    Намояндагон дар ҳамин ҷаласа сардори сипаҳ, генерал Ризохони паҳлавиро бо лақаби Волоҳазрат Ақдас, ба унвони райиси муваққати кишвар таъин карданд ва кори ислоҳи Қонуни Асосӣ ва таъйини таклифи қатъии раёсати кишварро бар ӯҳдаи маҷлиси муассисон қарор доданд.
    Дар ҷаласаи нӯҳуми обонмоҳи Шӯрои миллӣ, доктор Мусаддиқ намояндаи Теҳрон бо додани симати раёсати муваққати кишвар ба сардори сипаҳ ба далели доштани собиқаи беэътиноӣ ба бархе аз низомот мухолифат карда буд ва усулан супурдани чунин мақомеро дар он вазъият ба як низомӣ, бамаслиҳат надониста буд. Бо вуҷуди ин мухолифат, ин тарҳи фаврӣ фақат панҷ раъйи мухолиф дошт. Қаблан бо бозгашти Султон Аҳмадшоҳи Қоҷор ба Ватан, ки дар Урупо буд, мухолифат карда буд. Дар он рӯз миёни мардум овоза карда буданд, ки бо халъи қоҷория низоми ҳукуматии Эрон ҷумҳурӣ ва райиси кишвар интихобӣ хоҳад шуд. Қаблан генерал Ризохон ҳам аз ҷумҳурӣ шудани Эрон ҷонибдорӣ карда буд.
    Дар ҳамин рӯз ва андаке пас аз раъйигрӣ дар Маҷлис, ин қазия ба сафоратхонаҳо эълом шуд ва шаҳрдори вақти Теҳрон телефонҳои Кохи Гулистон, маҳалли иқомати Муҳаммадҳасан Мирзо валиаҳдро қатъ ва пас аз берун шудани занони Аҳмадшоҳ ва хонаводаи салтанатӣ аз онҷо дарҳоро мӯҳру мум кард.
    Баъдан шаҳрбонӣ, дарбориёнро боздошт ва давлат бо таъмини панҷ ҳазор туман ҳазина, Муҳаммад Ҳасан Мирзоро равонаи Урупо кард. Аҳмадшоҳ, ки дар Фаронса буд, пас аз огоҳ шудан аз халъи қоҷория ба амали Маҷлис эътироз кард, вале то он замон бисёре аз давлатҳои урупоӣ ва соири миллатҳои давлати муваққат Теҳронро ба расмият шинохта буданд ва барои Аҳмадшоҳ ва ҳамроҳонаш роҳе ҷуз дархости паноҳандагӣ боқӣ намонда буд ва ба ин тартиб, силсилае ки дар тӯли ҳукумати 130 солаи худ барои Эрон чизе ҷуз бадбахтӣ ба бор наёварда буд, аз байн рафт.
    Қоҷорҳо аз як қавми муғулитабор буданд ва номи ин қавм аз исми Қоҷор Нуён, амирзодаи муғул гирифта шудааст. Бо вуҷуди инқирози сулолаи қоҷорҳо, мақомоти болои давлатӣ тақрибан дастнахӯрда боқӣ монданд. Ва бинобар ин, ҳалли масоили Эрон ба дарозо кашид ва ...
    Дар даврони қоҷория буд, ки Эрон Қаҳқаро рафт, аз қофилаи пешрафт ақиб монд ва аз лиҳози арзӣ, хеле хурд шуд. Дар Қарордоди Туркманчойи ва Ҳирот, ки муаррихон онҳоро нангин мехонанд, дар замони ҳамин сулола имзо шуд.
    Ҳар устоди таърихи муосири Эрон ва ҳар нависандаи таърихи аҳди қоҷория дар баёнот ва навиштаҳояш аз Қарордоди чаҳоруми марти соли 1857 Инглистон бо Эрон, ки дар Порис танзим ва имзо ва дар Бағдод мубодила шуд, ба унвони намунаи боразе аз таҳмилоти асри истеъмор ва манҳустар аз Аҳдномаи Туркманчойи ном бурда ва аз эрониён хостааст, ки онро ба диққат бихонанд ва аз ёд набаранд, ки заъфи низомӣ ва надоштани мудирон ва риҷоли дилсӯз бадбахтии бузурге бар эшон буд. Гарчи фасли ҳафтуми ин Қарордод, ки мунҷар ба ҷудоии Ҳирот ва манотиқи атрофи он шуд, ба давлати Эрон ин ҳаққро додааст, ки агар аз ноҳияи Афғонистон эҳсоси хатар кунад, битавонад лашкар ба Афғонистон бикашад ва минтақаи хатарро тасарруф ва асҳоби хатарро танбеҳ ва муҷозот кунад. Дар ин Қарордоди 15 фаслӣ, танҳо ҳамин имтиёз ба Эрон дода шуд ва ин кӯтоҳ омадани Ландан ҳам ба ин сабаб буд, ки сарбозони эронӣ сареан манотиқи ғарбии Афғонистони имрӯзаро, ки инглисиҳо мехостанд барои пешгирӣ аз пешравии русҳо ба сӯи Осиёи ҷанубӣ дар ихтиёр гиранд, холӣ кунанд. Инглисиҳо, ки ба манзури фишори ворид овардан бар Эрон ҷиҳати тахлияи Ҳирот ва манотиқи ғарбии Афғонистон, Бушаҳр, ҷанд ҷазира ва манотиқи дигаре дар ҷануби ватани моро тасарруф карда буданд, неруи заминии кофӣ дар Ҳиндустон, ки барои халъ аз Эрон ба Афғонистон бифристанд. Илова бар ин, эҳтимоли кӯмаки низомии Русия ҳам ба Эрон мерафт. Ишора ба соири фаслҳои Қарордод дардовар аст, аз ҷумла асли чаҳоруми Қарордод мабнӣ бар маҷбур кардани Эрон ба авфи эрониёне, ки дар ин ҷараёнот аз инглисиҳо ҳимоят карда буданд ва ....
    
    
    
    
    
    
    
    
    
    
Солрӯзи қатли Индира Ганди – террори ду сарвазир ба як сурат дар ду 31 октябр
31 октябр, шоҳиди террори сарвазир ба як шакл тавассути низомиёни муҳофиз будааст. Стефан Тижо, сарвазири Маҷористон (Венгрия) дар соли 1918 ва бону Индира Ганди, сарвазири Ҳинд дар соли 1984.
    Бону Ганди духтари Неҳру, чаҳор бор сарвазири Ҳинд буд. Вай ба дасти ду тан аз афроди гвардияи муҳофизи худ, ки аз насионалистҳои сикҳ буданд, ҳадафи тир қарор гирифт ва кушта шуд. Шавҳари Индира, Фирӯз Ганди яке аз порсиёни Ҳинд буд. Дар пайи интишори хабари қатли бону Ганди ҳаводорони ӯ дар Деҳлии нав ва чанд шаҳри дигар бар зидди ҷудоиталабии сикҳҳо даст ба тазоҳурот заданд ва зимни ин тазоҳуроти тавъам бо шӯриш шумори нисбатан зиёде аз пайравони фирқаи сикҳ ба дасти тазоҳуркунандагон кушта шуданд.
    
    
    
    
Интиқоли ҷасади Сталин ва пешбинии дигарон – ин интиқол ҳатто як раъйи мухолиф надошт!
31 октябри соли 1961, ва як рӯз пас аз ин, ки кунгураи ҳизби камунисти шӯравӣ ба хости Хрушев бо як овоз тасвиб кард, ки ҷасади мумиёишудаи Сталин аз оромгоҳи Ленин дар Майдони Сурхи Маскав ба ҷои дигаре интиқол ёбад ва дафн шавад, то мардум ба дидораш нашитобанд, ин тасмим ба иҷро даромад ва ҷасад дар пои девори Кремл дар миёни дигарон дафн шуд.
    Дар ҷаласаи 30 октябр ҳатто як мақоми камунист, ки Сталин то соли 1953 бар он ҳизб раёсат карда буд, ба пешниҳоди интиқоли ҷасад раъйи мухолиф надод. Вале ин ҳамовозӣ дар кишварҳои дигар мавриди тафсир ва ҳатто интиқод қарор гирифт. Бархе гуфтанд, ки Сталин равоншиносии русҳоро мешинохт, ки мардуме муташаккил аз омехтаи нажодҳо ҳастанд ва дар тӯли замон, бавежа дар даврони султаи муғулҳо ба диктатура ва итоат аз ҳокими вақт хӯ гирифтаанд, ки ончунон рафтор мекард ва ... ва порае ҳам бо таҷлили ин ҳамовозӣ пешбинии барчида шудани ҳизби камунистро бо чунин аъзои вафодорӣ (!) дар оянда карда буданд, вале бовар намекарданд, ки империяи Русия ҳам фурӯпошӣ кунад ва танҳо пешбинӣ карда буданд, ки бар ҷои ҳизби камунист як император бишинад.
интиқоли ҷасади мумиёишудаи Сталин аз оромгоҳи Ленин, ҳатто як раъйи мухолиф надошт!


    
    
    
    
    
    
Эътирози Зюганов ба авзоъи Русия пеш аз октябри соли 2005
Зюганов


    
    Ихтори 29 октябри соли 2005 Геннадий Зюганов, дабири аввали ҳизби камунисти Русия ба давлати Путин бо диққати хос мавриди таъсири бисёре аз расонаҳои ҷаҳон қарор гирифта буд. Зюганов, ки барои баёни ихтори худ кунгураи 11 ин ҳизбро ба таври фавқулодда ташкил дода буд. Вай дар ин кунгура гуфта буд: агар вазъияти иқтисодӣ иҷтимоии Русия ба ҳамин сурат идома ёбад, бюрократия ислоҳ нашавад, ба хостҳои зарурии мардум таваҷҷӯҳ нашавад, манофеъи Русия ва русҳо дар авлавият қарор нагирад ва ... бояд режим тағйир ёбад ва ин тағйир ҳаддалимкон набояд бо хушунат сурат гирад, бояд нахуст роҳҳои мусолиматомезро таҷриба кард ва як инқилоби сурхи дигар, танҳо дар сурати ба натиҷа нарасидани ҳамаи кӯшишҳои мусолиматомез бояд мадди назар қарор гирад. Давлат бояд масири кор ва риволи худро тағйир диҳад. Идомаи равиши ҷорӣ бори дигар Русияро ҷомеае табақотӣ ва ба ҳолати нахуст бозмегардонад, ки дар он замон танҳо гурӯҳе мушаххас аз манофеъи кишвар бархурдор буданд. Таъмини иҷтимоӣ бояд тазмин шавад, бюрократия аз миён биравад, манобеъи табиӣ ва корхонаҳои бузург миллӣ бошанд ва ... Зюганов, ки изҳороти ӯ дар айни ҳол як эътироз ба ҷавомеъи Ғарб талаққӣ шуда буд, дар ин нутқ гуфта буд, ки давлатҳои пас аз фурӯпошии шӯравӣ таҳти талқин ва аҳёнан фишори Ғарб ва буржуаҳои дохилии Русия, як сиёсати ғалати пулиро дунбол кардаанд, бехи гӯши Кремл арзҳои нефтии Русия доранд, аз кишвар хориҷ мешаванд, тақаллуб, риё ва ҷиноятҳо ва ноҳинҷориҳои ҷамъияти ғарбӣ, ки 74 сол ба Русия роҳ надоштанд, доранд ворид мешаванд, касе ба манофеъи Русия ва ояндаи он таваҷҷӯҳи кофӣ надорад ва ... Вай ҳамчунин гуфта буд: дар ин ҷо ихтор мекунам, ки агар Иниқлоби Сурхи дигаре рух диҳад, буржуйҳои нав, ки аз бадавзоъ ва аз ҷайби миллат пуле ба даст оварда ва бар хари мурод савор шудаанд, сарнавишти вахиме хоҳанд дошт.
    
    
    
    
    
    
Ҳадяи муаллиф
Ин сайти мустақил ва озод, ҳадяи ночизи муаллифи он ба ҳамаи эрониён, эронитаборҳо ва порсизабонон аст, ки эшонро аз ҷон азизтар дорад; ва хидмате меҳанӣ ва омӯзишӣ, ки хидмат ба Меҳан, ҳамватанон ва эронитаборҳо як вазифа, рисолат ва қарзе аст, ки бояд шариф ва халалнопазир бошад ва дар роҳи анҷоми вазифаи меҳанӣ ниёз ба ҳимояти моддии эҳдоӣ набояд бошад ва нахоҳад буд. Интихоби мавзӯъ барои нигориш ва пешниҳод дар сайт назари шахсии муаллиф аст.
 



 



 




 
 Contact Author: historian [at] copper.net

 Designed & Developed by: Aftabsoft Co. 2008