Iranians History on This Day
      имрӯз    дар бораи сайт    дар бораи муаллиф
  рӯз ва моҳи мавриди назарро таъин кунед 
   
(Cyrillic Version)  
    برگرداننده به حروف سیریلیک: دکتر منیژه رحیموا (رحیم زاده) 
 
Баргардон ба хати сирилӣ: доктор Манижа Раҳимзода   


 

 Sep 2 
Қиссаи номгузории дави Марафон
Як меҳандӯсти отенӣ (афинагӣ) ба номи Филипидесс, пас аз иттилоъ аз тасарруфи ҷазираи Убаво тавассути неруҳои Эрон ва пиёда шудани ин неру дар Отико, ва дашти Марафон, дар 240 километрии фосилаи Отен то Спартаро дар ду шабонарӯз давид, то аз сарони Спарта бихоҳад, ки ба кӯмаки Отен бишитобанд ва пас аз расидан ба Спарта бар хок афтод ва бо илтимос тақозои худро матраҳ кард. Вай дувуми сентябри соли 490 пеш аз мелод ба Спарта расид ва дархости худро матраҳ сохт. Филиппидес аз ҷониби касе маъмурият надошт ва ҳисси меҳандӯстӣ ӯро ба давидани 240 километр водор карда буд ва ҳамин амр – дар таърих – бар аҳамияти амали ӯ афзудааст.
    Ба навиштаи Геродот, Филиппидес пас аз бозгашт ба Отен ба майдони ҷанг рафт ва ҳангоме, ки мушоҳида кард эрониён ба киштиҳояшон мераванд то бозгарданд масофати соҳил то шаҳри Отен (арзи ноҳияи Маратон)-ро, ки 40 километр буд давид, то мардуми Отенро ки нигарон буданд аз ин бозгашт огоҳ созанд, ки пас аз додани хабар, бар замин афтод ва даргузашт. Ба ҳамин ҷиҳат мусобиқаи дави тӯлонии олимпиро “марафон” ном ниҳодаанд, ки 42 километр аст.
    
    
Дидори Ҳуа Гуофенг, райиси вақти давлати Чин бо шоҳ (дар ҷараёни инқилоби соли 1978)
Ҳуа дар ҳоли музокира бо шоҳ

2 сентябри соли 1978 (баробар бо 11 шаҳревари соли 1357 ва соли Инқилоб), ки дар бисёре аз нуқоти Эрон тазоҳурот идома дошт, Ҳуа Гуофенг, райиси кумитаи марказии ҳизби камунист ва райиси шӯрои вазирони Чин (райиси давлат), ки ба Эрон омада буд, бо шоҳ дидор ва гуфтугӯ кард, ки муаррихон онро як гофи сиёсии раҳбари вақти Чин (ҷонишини Мао) навиштаанд. Ҳуа Гуофенг ҳангоме бо шоҳ мулоқот кард, ки сарони давлатҳои дигар аз тамоси мустақим бо ӯ ибо доштанд.
    Ҳуа Гуофенг дар нутқе дар Теҳрон гуфта буд, ки Чин даврони инқилобро пушти сар ниҳода ва гом ба даврони созандагӣ гузорда ва ниёз ба сулҳу мусолимат дорад, то худро бисозад. Вай гуфта буд, ки як Чини неруманд ба суди ҳама кишварҳои кӯчак ва заифи ҷаҳон аст, ки то кунун ёру ёвар надоштаанд.
    Ҳуа Гуофенг зимни ситоиш аз хадамоти Эрон ба тамаддуни ҷаҳон ва ишора ба гузашта боазамати Эронзамин гуфта буд, ки дар ин аср дахолати қудратҳои бузург ба кишварҳои кӯчак ба суди бузургҳо нахоҳад буд, зеро муқовимати миллатҳо дар баробари онҳо бештар мешавад.
    Баъдан ба ин дидор Ҳуа Гуофенг, ки эҳтимоли баҳрабардории шоҳ ба суди худ аз он мерафт эрод гирифта шуд, ки Ҳуа Гуофенг посух дода буд, ки тартиби дидор пеш аз ташдиди инқилоб дода шуда буд, ташрифоте буд ва ӯ қасди дахолат дар инқилобро надошт.
    
Ҳуа Гуофенг дар соли 2007

Ҳуа Гуофенг, ки дар нимаи августи соли 2008 дар синни 87 солагӣ даргузашт, пас аз бозгашт аз Эрон, дере напойид, ки симатҳои ҳизбӣ ва давлатии худро яке пас аз дигарӣ аз даст дод ва қудрат амалан ба Данг Шиоу мунтақил шуд, ки меъмори таҳаввулоти иқтисодии Чин унвон гирифтааст.
    Ӯ охирин симати ҳизбиашро дар соли 1981 аз даст дод ва аз он пас амалан хонанишин шуда буд. Вай аз 15 солагӣ ба Инқилоби камунистии Чин пайваста буд. Давлати Чин 20 августи соли 2008 эъломияи даргузашти Ҳуа Гуофенгро мунташир кард.
    
    
Ҳадафҳои Ҷабҳаи Миллӣ Эрон
11 шаҳревари соли 1357 ва дар ҷараёни Инқилоб, ҷабҳаи миллӣ ки ҳаёти тоза ёфта буд, эълом кард, ки як ҳизби нисбӣ нест, балки созмони сиёсӣ ва фарогир аст, ки феълан ҳизбҳои Эрон, миллати Эрон ҷомеаи сотсиалистҳо ва ... ҳастаи марказиашро ташкил медиҳад ва хоҳони амалӣ шудани орзуҳои миллии эрониён, аз ҷумла таъмини озодӣ, демократия, адолати иҷтимоӣ ва рифоҳи умумӣ аст.
    Дар ин эъломия таъкид шуда буд, ки танҳо афрод ва ҳизбҳое метавонанд дар ин ҷабҳа фаъолият кунанд, ки собиқаи зиддият бо Наҳзати Миллӣ ва афкори доктор Мусаддиқро надошта ва содиқона омодаи хидмат ба Меҳан ва ҳамватанонаш бошанд.
    
    
Ақидаҳои иқтисодии Оятуллоҳ Биҳиштӣ
Оятуллоҳ доктор Биҳиштӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзномаи Иттилоот, ки дар шумораи 10 шаҳревари соли 1359 он рӯзнома инъикос шудааст, гуфта буд, ки додгоҳҳои Инқилоб бояд ҳарчи зудтар ба дороии афрод, ки аз роҳи ҳаром ба даст омадааст, расидагӣ кунанд (лаҳни каломи ба гунае аст, ки тавсия бар идома додани контроли қазоӣ дорад).
    Вай дар ин мусоҳиба назароти худро, ки умдатан заминаи иқтисодӣ доранд, эълом дошта буд, ки хулосаи бархе нукоти он аз ин қарор аст:
    Саноатҳои модар ва бозаргонии хориҷӣ бояд давлатӣ бошанд. Корхона ва муассисаҳои бузургро метавон ба сурати таовунӣ идора кард. Агар таовуниҳо тақвият шаванд, бахши хусусӣ (сармоядорони инфиродӣ) фурсат ва заминаи бузургтар шуданро ба даст намеоваранд. Ниме аз амволи касоне, ки молиёт надодаанд мутааллиқ ба давлат аст. Амволи судхӯрон бояд мусодира шавад (ба ҷомеа ва намояндаи он давлат дода шавад). Амволи касоне, ки аз роҳи бандубаст бо мақомоти давлатӣ соҳиби корхона ва ... шудаанд, моли худашон нест ва мутааллиқ ба байтулмол аст. Касоне, ки аз роҳи фурӯши заминҳои истифода нашуда соҳиби сарват шудаанд, ин сарват ҳаром аст. Умуми мардум бояд имкони кор ва фаъолият дошта бошанд ва .…
    
    
Солрӯзи даргузашти Кобертин, ки мусобиқаҳои паҳлавонии олимпиро зинда кард
Барон де Кобертин
Барон Пйер де Кобертин, эҳёкунандаи мусобиқаҳои паҳлавонии олимпӣ 2 сентябри соли 1927 дар синни 74 солагӣ даргузашт. Вай, ки аз як хонаводаи ашрофии фаронсавӣ буд, дар нутқе ки дар соли 1982 дар Донишгоҳи Сорбонна эрод кард пешниҳод кард, ки мусобиқаҳои олимпӣ, ки 14 қарн пеш аз он ба тасмими империяи мазҳабии Рум мамнӯъ шуд буд, аз сар гирифта шаванд, зеро варзиш омили тандурустӣ аст ва мусобиқаҳои ҷаҳонии варзишӣ боиси наздик шудани миллатҳо ба якдигар ва эҷоди як муҳити мусолиматомез дар ҷаҳон хоҳад шуд. Вай сипас ба зикри таърихча ва ҳадафи юнониёни бостон аз оғози ин бозиҳо пардохт. Интишори изҳороти барон де Кобертин дар матбуот сабаб шуд, ки ҳаводорони эҳёи ин бозиҳо ба ӯ бипайванданд ва бар асари фишор ва таблиғи ин гурӯҳ намояндагони 9 кишвар дар соли 1894 дар Порис гирд оянд ва дар ин замина музокира кунанд. Эҳёи мусобиқаҳои ҷаҳонии олимпӣ дар Иҷлоси дувум, ки дар соли 1896 баргузор шуд ба тасвиб расид. Пас аз эҳёи олимпиада, барон де Кобертин аз соли 1896 то 1925 ба муддати 29 сол Райиси кумитаи баргузоркунандаи ин мусобиқаҳо буд.
    
Солрӯзи қатли инглисиҳо дар Кобул, ва вуруди унсурҳои нав ба масоили Афғонистон
Sir Pierre Cavagnari
2 ва 3 сентябри соли 1879 Яъқубхон аз амирони зиддиинглисии афғон (ҳаводори Русия) пас аз тасарруфи Кобул даст ба қатли оми инглисиҳои муқими ин шаҳр зада буд ва сэр Пйер Кавагнари, намояндаи томулихтиёри Инглистон дар Афғонистон яке аз ин кушташудагон буд. Амир Яъқубхон ба таҳрики давлати Маскав ва дарёфти ваъдаи ҳаргуна кӯмак аз ин давлат пас аз як моҳи муҳосира, шаҳри Кобулро, ки дар дасти як хони дастнишондаи Ландан буд, тасарруф кард. Бо ин қатли ом, Паймони сулҳи “Гандумак” миёни давлати Ландан ва афғонҳо амалан барҳам хӯрд. Сипас Яҳёхон, писари амир Яъқубхон даст ба муҳосираи шаҳри Қандаҳор зад, то гарнизони инглисии он ҷоро халъи силоҳ (беяроқ) кунад. Сиёсати Инглситон дар он замон бар ин мадор буд, ки Қандаҳор ва Кобул таҳти як ливо (байрақ) ва ҳукмрон набошанд ва ҳама талоши худро ба кор мебаранд, то миёни пуштунҳо тафриқа бошад (ҷудо кардан ва тақсими пуштвонҳо бо хатти марзии Дуранд миёни ду давлат, дар иҷрои ҳамин сиёсат буд, ки як масъалаи доимӣ миёни Покистону Афғонистон шудааст).Давлати Инглистон ҳангоме ки Қандаҳорро дар муҳосираи Яҳёхон дид, сипоҳеро бо фармондеҳии генерал Фридрих Робертс равонаи Қандаҳор кард. Ин сипоҳ Яҳёхонро маҷбур ба ақибнишинӣ ба кӯҳистон кард ва Абдураҳмонхон, набераи Дӯстмуҳаммадхонро, ки аз манофеъи Инглистон ҳимоят мекард ва бар зидди Русия буд, дар Кобул бба амирӣ расонд.Ҳамин рақобати шадиди 90 солаи Ландан ва Маскав бар сари Афғонистон буд, ки Инглистон бо таҳдиди низомӣ ва эъзоми киштиҳо ба Бушаҳр, Хорк ва Хуррамшаҳри давлати вақти Эронро маҷбур ба тахлияи шаҳри Ҳирот ва манотиқи ғарбии Афғонистон кард ва як қитъаи аслии хоки меҳани мо ва яке аз ёдгориҳои фарҳанг ва адаби эрониро пас аз ҳазорон сол аз он ҷудо сохт. Рақобати Ландану Маскав бар сари Афғонистон то соли 1919, ки Инглистон ба далели камунист шудани Русия ва қатъи рақобат ва низ таъсиси ҷомеаи милал, истиқлоли Афғонистонро ба расмият шинохт, идома дошт ва баъдан ба сурате дигар даромад.Ин бор инглисиҳо давлати Вашингтонро таҳрик ба дахолат карданд, ки тадриҷан ранги НАТО ба худ гирифтааст. Бо эҷоди Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва таҳаввулоти ахир дар Маскав, ташдиди задухӯрдҳои Афғонистон ва вуқӯъи тағйироти давлатӣ дар Покистон аз эҳтимол дур нест, ки унсурҳои тозае вориди масъалаи Афғонистон шавад ва .…
    
    
Рӯзи Истиқлоли Вйетнам ва солрӯзи даргузашти Ҳошимин
2 сентябри соли 1945 доктор Ҳошимин, раҳбари мардуми Вйетнам истиқлоли ин кишварро эълом кард. Аз он пас вйетнамиҳо ин рӯзро ба унвони рӯзи миллии худ эълом мекунанд. Ҳошимин 24 сол баъд дар чунин шабе (2 сентябри соли 1969) дар синни 79 солагӣ даргузашт. Ба ин сурат солрӯзи ин талафот баробар бо солрӯзи эъломи истиқлоли Вйетнам аст, ки худи ӯ онро эълом доштааст.
    Ҳошимин аз мардони бузурги садаи 20, яке аз аъзоёни муассиси ҳизби камунисти Фаронса ба шумор меравад. Вай ҳамчунин дар соли 1925 ба Шӯравӣ рафт, то ба кори пиёда кардани низоми сотсиалистӣ дар Иттиҳодия кӯмак кунад ва дар соли 1930 дар замоне, ки дар Чин ба созмондиҳии камунистҳои ин кишвар кӯмак мекард, ҳизби камунисти Вйетнамро ҳам таъсис кард. Он гоҳ, ба фикри поён додан ба истеъмори Фаронса бар Вйетнам, ватани худ афтод ва созмони “Вйет Мин” иборат аз камунистҳо ва насионалистҳои вйетнамиро ташкил дод. Неруҳои Ҳошимин се қудрати вақт Жопун, Фаронса ва Осмрикоро шикаст доданд ва ба ҳама ҳадафҳое, ки раҳбарашон эълом карда буд, расиданд.
    Дар бораи доктор Ҳошимин дар сайти севуми сентябр тавзеҳи бештаре дода шудааст.
    
    
Нигоҳе ба амалӣ шудани орзуи Аҳмадшоҳи Масъуд дар зодрӯзи ӯ; ҳамбастагии порсиёни ҷаҳон
Аҳмадшоҳи Масъуд
2 сентябр (12 шаҳревар) зодрӯзи тоҷики бузург, Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки дар соли 1953 (15 рӯз пас аз барандозии 28 мурдоди соли 1332) ба дунё омад ва 9 сентябри соли 2001 (ду рӯз пеш аз рӯйдодҳои 11 сентябри Омрико) бо таркиши бомбае, ки дар дурбини аккосии як мухбир коргузорӣ шуда буд, дар иёлати Тахори Афғонистон кушта шуд ва моҳи баъд неруи низомии Омрико вориди Афғонистон шуд, ки ҳанӯз он ҷост.Аҳмадшоҳи Масъуд як насионалисти мусулмон буд, ки мисли падараш сарҳанг Дӯстмуҳаммадхон орзу дошт порсиён бори дигар якпорча шаванд – дастикам аз тариқи ваҳдати фарҳангӣ. Ӯ бо дахолати хориҷӣ дар Афғонистон мухолиф буд ва онро омили сиёҳрӯзӣ медонист ва бар пояи ҳамин эътиқод бо дахолати шӯравӣ дар Афғонистон мубориза кард ва пас аз хуруҷи шӯравӣ аз Афғонистон, вазири мудофиаи ин кишвар шуд ва баъд фармондеҳи истодагии мусаллаҳона дар муқобили Толибон, ки ононро ҳам омили ақибмондагӣ медонист. Аҳмадшоҳи Масъуд борҳо аз талоши доктор Муҳаммад Мусаддиқ ба миллӣ кардани нафти Эрон ва гирифтани пеши роҳи нуфузи бегона таҳлил карда, онро дар радифи бапохезии падари худ ва тоҷикон дар Фароруд, дар нимаи аввали қарни 20 бар зидди шӯравӣ хонда буд.Дар панҷоҳу панҷумин зодрӯзи Аҳмадшоҳи Масъуд, соҳибназарон бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши дидорҳои сарони се кишвари порсизабон (Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон) амалӣ шудани орзуи Аҳмадшоҳи Масъудро аз эҳтимол дур намедонанд ва мегӯянд, ки ҳамкориҳо ва ҳамбастагии фарҳангии Тоҷикистону Эрон ба авҷи худ наздик мешаванд. Ин соҳибназарон дар айни ҳол Тоҷикистонро яке аз кишварҳои бе душман дониста ва гуфтаанд, ки дар моҳи августи соли 2008 раҳбари Чин дар шаҳри Душанбе бо иштиёқи тамоми қарордодҳои сершуморро бо Имомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистон имзо кард, ки иҷрои онҳо ба рушду пешрафти Тоҷикистон хоҳад анҷомид.
    
Ҳ.Карзай, И.Раҳмон ва М.Аҳмадинажод ва сарони се давлати форсизабон дар канори ҳам (аз чап ба рост)


    
Сарони Тоҷикистон ва Чин ҳангоми имзои қарордодҳои сершумор (Душанбе, августи соли 2008)


    
    
    
... Ва ба ин гуна як заъфи Шӯравӣ, ки беэътиноӣ ба амнияти миллӣ буд, баръало шуд
Матиас Руст дар додгоҳи Маскав

2 сентябри соли 1987 муҳокимаи як ҷавони 19 солаи олмонӣ ба номи Матиас Руст, ки се моҳ пеш аз он (19 май) бо як ҳавопаймои як мотора аз марзи Шӯравӣ гузашта ва пас аз 640 километри парвоз дар осмони ин Иттиҳодия дар Майдони Сурхи Маскав фуруд омада буд, дар як додгоҳи ин шаҳр оғоз шуд. Матиас ин ҳавопаймои кӯчакро кироя карда буда ва аз Хелсинки, пойтахти Финляндия ба парвоз даромада буд.
    Парвози ин ҳавопаймо аз марз то канори деворҳои Кремл, ки заъфи шӯравиро мунъакис карда, боиси шигифтзадагии ҷаҳониён шуд, ки бо ёд овардани мавзӯи соқит кардани ҳавопаймои ҷосусии “Ю-2” Омрико ва ҳавопаймои мусофирбарии парвози 007 Кореяи ҷанубӣ, дифоъи шӯравиро халалнопазир мепиндоштанд. Заифии шӯравӣ дар он рӯз ношӣ аз надоштани васоили раҳгирӣ ва дифои ҳавоӣ набуд, балки дар беэътиноӣ ва саҳлангории коркунони марбут буд, ки нишон медод, назми мавҷуди он кишвар ба далоили коҳиши ангеза ва адами дилсӯзии миллӣ дар як хастагӣ ва сустӣ қарор гирифтааст ва ...
    Аз ин рӯйдод ҳар кас бар пояи манофеи худ истифода кард, аз ҷумла Горбачев, раҳбари вақти онро баҳонаи Қарордод ва маршал Сергей Соколов, вазири мудофиаи шӯравӣ ва ҳамчунин фармондеҳи неруи ҳавоии он Иттиҳодияро, ки аз мухолифони барномаҳояш буданд барканор сохт ва Язов аз дасти парвардагонашро вазири мудофиа кард. Бо барканор шудани Соколов роҳ бар Горбачев барои иҷрои барномаҳои худ то фурӯпошии шӯравӣ боз шуд.
    Матиаси ҷавон, ки саҳми бузурге дар фурӯпошии як империяи бузург дорад, пас аз муҳокима ба ҷурми вайрон кардани сарҳади шӯравӣ ба зиндон маҳкум шуд, ки пас аз 14 моҳ ва 14 рӯз озод шуд ва ба ватан бозгашт. Бояд қайд кард, ки шунидани озодии қонунии як хориҷии маҳкум ба нудрат дар шӯравӣ рух дода буд.
    
Ҳавопаймои Руст дар ҳоли фуруд омадан дар Майдони Сурх


    
ҳавопаймо дар канори девори Кремл ва дар ҳошияи майдон, дар пойтахти кишваре фуруд омадааст, ки Черчил бар он номи тарсовари “пушти пардаи оҳанин” гузорда буд


    
    
Ҳадяи муаллиф
Ин сайти мустақил ва озод, ҳадяи ночизи муаллифи он ба ҳамаи эрониён, эронитаборҳо ва порсизабонон аст, ки эшонро аз ҷон азизтар дорад; ва хидмате меҳанӣ ва омӯзишӣ, ки хидмат ба Меҳан, ҳамватанон ва эронитаборҳо як вазифа, рисолат ва қарзе аст, ки бояд шариф ва халалнопазир бошад ва дар роҳи анҷоми вазифаи меҳанӣ ниёз ба ҳимояти моддии эҳдоӣ набояд бошад ва нахоҳад буд. Интихоби мавзӯъ барои нигориш ва пешниҳод дар сайт назари шахсии муаллиф аст.
 



 



 




 
 Contact Author: historian [at] copper.net

 Designed & Developed by: Aftabsoft Co. 2008